
Бахшида ба ҷашнгирии 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бо мақсади қадрдонӣ ва дастгирии молиявии иштирокчиёни ин набард, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримиёни Имомназар корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳомид Бобоев Ва ва Шариф Саторов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадомашон 6000 сомонӣ, аз ноҳия 500 сомонӣ ҳамчун кӯмаки молиявӣ супорида шуд. Раиси ноҳия аз номи Пешвои муаззами миллат, ба ҳар кадомашон тани сиҳат, умри пурбаракат ва рӯзгори нек орзу намуданд. Ҳомид Бобоев ва Шариф Саторов иштирокчиёни ҶБВ, миннатдории худро барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат баён намуданд.