
Бо мақсади дастгирӣ аз иқдоми Пешвои муаззами миллат, Вализода Икромидин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён маоши вазифавии як моҳаи худро, ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19", гузарониданд. Ҳамзамон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 52 нафар табибон, ҳамшираҳои шавқат ва кормандони хурди тиббии шуъбаи пешгирии бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия ва ба кормандони шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи рақамии Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.