
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ бахусус пандемияи навъи «COVID”-19 ва дастгирии соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти Байналмиллалии “Каритас” –и давлатӣ Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ин ташкилот, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании дар ноҳияи Кӯшониён,ба соҳаи тандурустии ноҳия маводҳои безараргардонӣ дар ҳаҷми 590 кг маҳлули хлор, 998 кутии 5литраи собуни моеъ, 450 адад маҳлули антисептикӣ ва 807 адад ниқоби санитарӣ кӯмаки башардӯстона карда шуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маъмурияти беморхонаи марказии ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти Байналмиллалии “Каритас” барои дастрас намудани маводҳои безараргардонӣ, миннатдорӣ баён карда шуд. Тамоми маводҳои дастрас гардида, ба марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои ноҳия тақсимот гардонида шуданд.
Аксҳо аз рафти супоридани маводҳо ба табибони ноҳия: