Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён бо истифода аз гармхонаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ расида, баҳри ғанӣ гаштани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус помидору бодаринг ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузошта истодаанд. Маҳсулотҳои истеҳсол намудаи кишоварзони ноҳия, аз ҷиҳати экологӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, ба тамоми манотиқи мамлакат содирот гашта истодааст.