Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҳамаррӯза ситоди кори баргузор гашта истода, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, безараргардонии кӯчаю маҳаллаҳо, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус, рӯз то рӯз пурзур гашта истодааст. Дар рафти баргузории ситод аз тарафи роҳбари ситод қайд гардид, ки табибони сарбаланди ноҳия, дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи қарор дошта, ба онҳо тамоми шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар фарҷоми ситод ба якчанд Марказҳои саломатии Кумаки аввалияи тибби санитарии ноҳия, маводҳои безараргардонӣ, либосҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ дастрас карда шуд. Ҳамаи ин тадбирҳо баҳри пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва шароити мусоиди кори фароҳам овардан ба табибони ноҳия равона гардидаанд.