Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба табибони ноҳия, 8 адад либоси махсуси тиббӣ ва 300 адад ниқоби тиббӣ кумак дастрас гардид. Маводҳои тиббӣ, аз тарафи Сангалиева Қумриниссо муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба табибони ноҳия супорида шуд. Корманди тиббӣ ноҳия миннатдории хешро ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баён намуда, қайд намуданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри солимии ҷомеа равона месозанд.