Имрӯз таҳти Раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, ситоди ноҳиявӣ оид ба вусъати ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 баргузор гардид. Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи тандурустӣ оид ба вазъи имрӯзаи соҳа ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла: таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурии тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ дар ҳудуди ноҳия.
Ҳамзамон дар рафти баргузории ситод масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, сохтмон ва энергетика, рафти ҷамъомварии андозҳои давлатӣ, расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон ва беморон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷараёни иҷрои дастурҳои додашуда, ҳамарӯза зери назорати қатьии роҳбарияти ноҳия қарор гирифтааст.