КӮШОНИЁН: ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТАБИБОН ВА БЕМОРОН, ВОРИДИ НОҲИЯ ГАРДИД.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҒАМХОРИ МИЛЛАТ

    «Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем».
                                         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаи тиб ва нафароне, ки ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудаанд, аз пойтахти мамлакат ба ноҳияи Кӯшониён кӯмаки моддӣ иборат аз 7 нақлиёти боркаш аз ҷумла: як таҷҳизоти тибии додани нафаси сунъи “ИВЛ”, маводи хӯрока, доруворӣ, ниқобҳо, либосҳои муҳофизатии тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва безараргардонӣ ворид гардид. Кӯмаки Пешвои муаззами миллат, аз тарафи роҳбарияти ноҳия қабул гардида, ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморони сироятёфта дастрас карда мешаванд. Ин иқдом, баёнгари ташаббусҳои навбатию ғамхоронаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи ҳарчи зудтар бартараф намудани бемории сироятии “COVID -19” маҳсуб меёбад.

2_14.jpg 3_12.jpg 5_1.jpg 6_1.jpg 7_1.jpg 8_1.jpg 12_0.jpg 13_0.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.