Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба омодагиҳо ба ҷашни бо шукуҳи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуданд. Аксарияти иншоотҳои сохташаванда ба соҳаи иҷтимоӣ ба хусус соҳаи маориф ва тандурустӣ равона гардидаанд.