Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва равшаникунинонии кучаю деҳаҳо, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст, ки корҳоро дар ин самт вусъат бахшад. Айни замон корҳо дар кӯчаи марказии ноҳия, дар самти ноҳияи Вахш бо маром идома дорад.