Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия бо фаъолон ва раисони кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳамзамон масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ алалхусус бемории “Коронавирус”, вазъи эпидемиологии ноҳия, сари вақт ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва кишти такрорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси ноҳия дар суханронии худ қайд намуданд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкории зич мо метавонем ба дастовардҳои назаррас ноил гардем ва аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки корро дар маҳал дучанд намуда, сокинони ноҳияро барои ободонию созандагӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи талаботҳои гигиенаи шахсӣ роҳнамоӣ намоянд. Ҳамзамон дар ҷамъомад М.Давлатзода менеҷери бахши госпиталии ноҳия оид ба вазъи ҳолати соҳаи тандурустии ноҳия, А.Раҷабзода, сардори нозироти андози ноҳия оид ба ҳолати ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, С.Қувватов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба ҳолати вазъи соҳаи кишоварзӣ ва Д.Гулзода,комиссари ҳарбии ноҳия оид ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад якчанд нафар раисони маҳал ва дигар иштирокчиёни ҷамъомад савол, таклифу пешниҳодои худро ба раиси ноҳия пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: