Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки А.Иброҳимзода,муовини раиси ноҳия ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ бо кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия доир гардид. Дар семинар, қарори нав қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 №271, “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз тарафи гурӯҳи корӣ ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ, ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоӣ дар ноҳия, ки аз 1 июли соли равон ҷорӣ мегардад, роҳандозӣ карда шуд. Дар фарҷоми семинар байни иштирокчиён суолу ҷавоб ба миён омада, раисони маҳал ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.