АСОСИ ҲАМАИ ХУШБАХТИВУ БУНЁДКОРИҲО, СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ!

    АНДЕША. Бисту се сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамбастагӣ кору зиндагӣ дошта, барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти комили кишвар ва густариши Ваҳдати миллӣ ҷаҳду талош дорад. Воқеаҳои нангини соли 1992 бо ниятҳои бад сар зад ва бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, Тоҷикистоне, ки неъмати бебаҳо - Истиқлолиятро, ки акнун ба даст оварда буд, ба гирдоби ҷангу даргириҳо кашанд. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баъди 8 музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ ба имзо расид. Шукри Худованди муттаъол бикунем, ки халқи тоҷик баъди якдигарфаҳмиҳо даргириҳои бемаъниву бемавқеъ оқибат ба Ваҳдати миллӣ расид. Ваҳдат чӣ калимаи муқаддас ва азиму мӯътабар аст. Ваҳдат аст, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу осоиш ва дӯстию бародарӣ кору зиндагӣ дорем.

     Сулҳу ваҳдат, истиқлолият, фарҳанг, тамаддун, забон ин гуфтаҳо дар амал бо ҳам алоқамандии наздик дошта, асоси мавҷудияти миллат ва сутуни пойдории давлату ифтихори миллист. Ҳеҷ як давлате дар таърихи башар бе Ваҳдат арзи вуҷуд надошт ва дошта ҳам наметавонист. Таърихи давлатдории тоҷикон низ инъикосгари ин гуфтаҳост. Агар ба авроқи пӯшидаи таърих назар афканем, бешак шоҳиди он мегардем, ки халқи тоҷик дар роҳи расидан ба ваҳдату оштӣ, тинҷию оромӣ, роҳҳои душвору ноҳамвореро паси сар намудааст. 23- сол муқаддам ин макони зебову биҳиштосо, ки ӯро ном Тоҷикистон аст, ба гирдоби кашмакашу амалҳои беадолатонаи инсоният ғарқ гардида буд. Аз садои тиру туфанг ва маводҳои тарканда мардум ба даҳшат афтода, аз тарси хавфи мурдан рӯ ба гурез ниҳода, ба давлатҳои ҳамсоя гуреза мешуданд. Ки метавонад тоҷикро душмани тоҷик бигӯяд? Вале мутаассифона, нофаҳмии ҳамдигар як миллати ҷудонашавандаро ба ду ҷараён тақсим намуда, бо ҳам душман сохт. Ин амали душманони миллат буд. Албатта, ба хотир овардани ҷанг ва рӯзҳои сахту фоҷиабор ба кас хурсандибахш нест, вале бе донистани таърих ва гузаштаи он мо наметавонем ба қадри Ваҳдат бирасем, нисбати ояндаи худ некбин бошем. Дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзандаву беназир аст. «Дӯст бошед, иттифоқ бошед», ин суханони пурмазмун ва таъсирбахш, муроҷиати Пешвои муаззами мо бар худи мост, ки солҳо боз ҳидоятгару роҳнамои ҳар як тоҷики ватандор гаштааст.

Ҳомидбек Давлатов, Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.