Чун анъана дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, ба қишри осебпазирӣ аҳолии ноҳия, кумакҳои моддӣ расонида мешаванд. Робита ба ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар арафаи ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ба сокини деҳаи Дониёркули Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Мусамирова Парвина, ки имконияташ маҳдуд аст ва ба аҳли оилаи ӯ маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд.