Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло, дар тоқи қасри миллат.
Табиист, ки дар самти барқарорсози ва таҳкимим сулҳу суббот нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаста аст. Дар он айёми хонумонсуз бори гарони сарвари ба души Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ба бахти халқи кишвар Худованд ӯро ба саҳнаи сиёсати бузург фиристод. Ин марди ҷасуру ватандуст ҷон дар сари мӯ ба хотири ҳифзи ҳастии халқу миллат ҳастии худро фаромӯш кард, оташи ҷанги ватансузандаро хомӯш кард. Ишораву даъватҳои пур аз муҳаббати бузургаш ошубгарони фиребхурдаро ба худ овард. Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин мартабаву шуҳрат ва ин эътиқоду эҳтироми баланд осон соҳиб нагардидааст. Баъд аз хунҷигариҳо нишонаи русурхии зоҳириро дидааст. Зеро ки маънои вожаҳои тахтнишинию соҳибватанӣ шӯҳрат не, қисмат аст, ҷавонмардию нангу шуҷоат аст.
Вазифаи имонию инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳаряк фарди бо нанагу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории милли зиракиву ҳушёрии сиёси ҳисси баланди ватандориву ватандусти ва таҳкими Ваҳдати миллӣ иборат бошад. Пас, чаро қадам дар қадами ин шахсияти корозмуда наниҳем? Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки ба ҳайси роҳбар манфиатҳои миллату давлати моро на ин ки паҳлавонона, балки қаҳрамонона дифоъ карда тавонист. Ӯ Президенти маҳбуби ҳар тоҷики ҷафокашида аст. Бархе аз ҷавонони имрӯза маънию моҳияти сулҳу оштӣ ва ваҳдатро дарк намекунанд, зеро он замон хурдсол буданду аз мушкилии давр бехабар. Оне, ки ҷагну ҷидол, гуруснагию саргардониҳоро дид, вожаи ваҳдатро хуш истиқбол менамояд ва ба қадри оромию осоиштагии рӯзгори имрӯза мерасад. То расидан ба ваҳдат чӣ ҳодисаҳоеро, ки мардуми тоҷик аз сар нагузаронд, ҳанӯз ҳам аз лавҳи хотир ногусастаанд. Ва он дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона хоҳад монд.
Мудири бахши бойгонии МИҲД-ноҳия
Ҷумаева Шоира