Санаи 22 июни соли ҷорӣ гуруҳи кории усули хона ба хона дар якҷоягӣ бо Мусамиров Ҳайдар, Маркази наркологии назди ҳукумати вилояти Хатлон, Муҳаммад Шарипов, Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ниёзов Рамазон, Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба рушди иҷтимоӣ ва духтурони марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар мавзӯи пешгирии бемории коронавирус COVID-19, бемории нашъамандӣ, маводи тамоку, солимии ҷавонон, пешгирии оилаи солим ва пешгирии бемории сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия гузаронида шуд.
Аксҳо аз рафти усули хона ба хона:
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия
Муҳаммад Шарипов