Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 23 сол сипарӣ мешавад. 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин рӯйдоди таърихӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуд, ки он ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзандаву беназир аст. «Дӯст бошед, иттифоқ бошед», ин суханони пурмазмун ва таъсирбахш то абад дар дилу дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маъво гирифта, ҳидоятгару роҳнамои ҳар як ватандор мебошад. Ваҳдат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумат, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар байни дигар давлату кишварҳо комёб гардад.
Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба шумор меравад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди ҷомеа, ҳастии инсон дар ҳар як замон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллат баҳо доданд, ки он ба ивази ашки падару модарон, хуни фарзандон ва саъю талошҳои созандаи ҷомеа ба даст омадааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд.
Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти кишвар ва дастгирии тамоми халқи тоҷикон ба даст омадааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар сиришти мардуми тоҷик пеш аз ҳама сабру таҳаммул, бурдборӣ ва Ваҳдату ифтихори миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Ҳамаи сарсабзию хуррамӣ, ободиву озодӣ ва сарбаландию меҳанпарастӣ аз Ваҳдати миллӣ манша мегирад. Аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик дар шоҳроҳи рушди устувор ва боварию эътимод ба имрузу фардои Ватани азиз буда, маҳз самараи ваҳдату истиқлолият аст, ки мо дар чунин як фазои тинҷу орому обод умр ба сар бурда истодаем.
Маҳз ҳамин оромиву осудагӣ буд, ки Пешвои миллат аз минбари баланди СММ суханронӣ намуда, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор , 2018-2028» эълон намуд. Ба шарофати эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имрӯз Тоҷикистони биҳиштосои моро тамоми мамлакатҳои рӯи дунё мешиносад.
Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо, бақою сафои зиндагӣ буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи муқаддаси мардуми шарифи диёри биҳиштосои Тоҷикистон мебошад. Боварӣ дорем, ки ҳар як пиру ҷавон ҳамаи нерӯю кӯшиш, ақлу хиради худро барои боз ҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушду нуму расидани Тоҷикистони азиз равона менамоянд. Мо бояд шукронаи сулҳу суботи кишвари азизамонро намоем ва барои пешрафти диёри биҳиштосоямон ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем, зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд. Бигзор сулҳу Ваҳдати миллии мо ҳамеша устувору побарҷо бошад ва миллати мо бо фарҳанги куҳантаърихи хеш ҳамеша дар зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъ бошанд. Ҷашни Ваҳдат, эҳёи миллат, хонаи ободу зебои тоҷикон, шакарханди лаби кӯдакон ва ояндаи неки Тоҷикистон бароятон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён
Холиқзода Гулракат Абдуманон