Дар баробари гарм шудани ҳаво ва фаро расидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ даҳҳо нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода истодаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби беаҳамиятии падару модарон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва бо сабаби оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ғарқ шуданд.
Бо ин мақсад дар асоси иҷроиши банди пратаколи дасгоҳи Раиси вилояти Хатлон, накша чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва накша чорабиниҳои шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия дар санаи 2-юми июли соли ҷорӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ дар ҳайати Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон майор Муҳиддинов М, Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудӣ Раёсат подполковник Ашуров В, нозирони гуруҳи ҷавонони ХПҲ НҶРВНД дар вилояти Хатлон Субҳонзода А ва Қурбонов Н, сармутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳуқуқи кудак Холмуродзода А, нозири бахши пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён Ғуломзода А, Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия капитан Қуватзода Д, сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кудак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шарипова Ш, сармутахассиси бахши ҷовонон ва варзиши ноҳия Шоҳонаи Зайниддин ва дар ҳамбастагӣ бо кормандони рузномаи ноҳиявӣ рейдҳои якҷоя вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҷойҳои манъшудаи оббозӣ аз он ҷумла дар минтақаҳои хавфноки Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаҳои Дустӣ, Навобод, Сари пул 1, Сари пул 2, Сари Ҳавз ва Ҷамоати шаҳраки Бустонқаллъа деҳаҳои Механизатор, Орзу 1, Орзу 2, СМП ва дигар мавзеъҳои хавфноки ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои якҷоя аксарияти шаҳрвандоне, ки ба шиноварӣ машғул буданд, ҷавонону наврасон буданд, ки аз тарафи масъулин бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, Брошюраҳо ва тавсияҳо оиди ғарқшавӣ дастрас карда шуд ва фаҳмонида шуд, ки бо дарназарадошти вазъияти ба амаломада ва бо мақсади пешгирии зиёд гардидани мубталои бемории пандемияи сирояти коронавирус COVID-19 оббозӣ дар соҳили обанборҳо, кулу дарёҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ то муътадил гардидани вазъият муваққатан манъ карда шудааст.
Бинобар ин аз падару модарон хоҳиш менамоям, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон дар фасли тобистон аз болои фарзандони худ назоратро пурзӯр намоянд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои
фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Kапитан-Қуватзода Д. Қ.