Бори каҷ ба манзил намерасад

       Вақтҳои охир ба тариқи расонаҳои иттиллоти ба воситаи роҳбарияти собиқ ҲН ба вазъиятӣ иҷтимои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муғризонае интишор мешавад, ки фазои идеологии кишварро фаро мегирад. Роҳбарияти собиқ ҲН бар хилофи масъаллаи бунёди аслии ҳизби худ риёкорона ҷонибдории хешро аз арзишҳои демократи ва ҷомеаи мардумсолор вонамуд мекунад. Ин ба ҷуз замонасозӣ ва бозии сиёсӣ чизи дигаре нест.

       Агар дар воқеъ ҳадафи роҳбарияти собиқ ҲН таъмини амну субот, сулҳу Ваҳдат ва ҳифзи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад пас чаро роҳбарияти собиқ ҲН соли 2015 расман шартномаи сулҳ ва истиқрори милиро якҷониба беътибор дониста нисбати сулҳ боикот эълон кард, ҳамин буд, ки моҳи сентябри соли 2015 муборизаи муташакилонаву мусалаҳонаи аъзо ва ҷонибдори собиқ ҲН ба амал омад, боиси ноороми ва марги даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид. Пас барои роҳбарияти собиқ ҲН дар воқеъ кадом ҳадаф воло аст? Аз роҳбарияти собиқ ҲН пурсид, ки онҳо тӯли фаъолияти расмии тӯлонии худ дар кишвар ва ватан ғайр аз мутушанниҷ кардани вазъи сиёсии ҷомеа ва талош барои ҳифзи манофеи гурӯҳи худ дигар чӣ коре анҷом додаанд?.

       Эй муддаиёне, ки ҳадиси ватандории Шумо соф аз ту даъвои милатдӯстии Шумо ғазаф, нек дар хотир дошта бошед, ки мардуми тоҷик баъд аз таҳамули бори сангин ва нангини ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси ҳисороти азими иқтисодиву талафоти зиёди ҷонии шаҳрвандони маъсуму бегуноҳ гардид ва садҳо ҳазор ятимону бепарасторони хонабардӯшро дар чорсӯи тақдир бесарпаноҳ вогузошт, дигар бора ба даъватҳои ҷангҷӯнаи Шумо рӯ ба сӯи хиёбонҳо нахоҳад кард.

       Зиёиёни ҷумҳурӣ дигар ба шиори фиребои ватанпарастонаи Шумо бовар намекунад. Модарони тоҷик ҳанӯз аз ёди фарзандони шаҳиди маъсуми худ ашк мерезанд бо шунидани даъвати ҷанг сукут нахоҳанд кард. Дигарбора ҳеҷкасе аз ҳамватанон намеҳоҳад , ки дар кӯчаву хиёбонҳои мо ба ҷои видои шодбошу хандаву суруд садои даҳшатвори тиру туфанг ғулғула андозад.

       Агар Шумо воқеан ҳам меҳанпарасту миллатпарвар бошед пас бояд ҳамчун фарзандони содиқи ватан барои миллату давлат ва рафъи мушкилот ва бунёди миллат ҳиссагузор шавед.

       Бино бар сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаӣ Пешвои миллатро сидқан ҷонибдори намуда ҳаргиз ба ифротгароён имкон намедиҳанд, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташаниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвару якпорчагии ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муққадасоти давлатии мост!

 

Раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.