Баҳри пешгирӣ намудани офатҳои табии ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки ноҳия аз 2 то 9-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Сардори шуъба капитан Қуватзода Д, афсари калони шуъба лейтенанти хурд Сафаров Э, ва афсари шуъба лейтенант Раҳматов Ҷ, ва дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва бо ҷалби аҳолии деҳа аз масолеҳои сохтмонии ҷудошуда то ба имруз 16 (шонздаҳ) адад тахтасангҳои оҳани бетонӣ (кубик) баҳри барқарорсозии саддаҳои соҳили дарёи Вахш омода карда шуд.
Айни ҳол омода намудани тахтасангҳои оҳани бетонӣ (кубик) бо маром идома дошта, баъди ба анҷом расонидани рехтани тахтасангҳо аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва шуъбаи ҳолатҳои фавқулода тавассути мошинҳои калонҳачм ва борбардор дар соҳили чапи дарёи Вахш васл насл карда мешавад.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои
фавқулода ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Капитан-Қуватзода Д.