Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор барои ошкорсозии хиёнатҳои собиқ ҲН дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” конфиренсия баргузор карда шуд.
Зимни баромадҳо, ҷавонони ноҳия қайд карданд, Танҳо ҳамбастагиҳо ҳамдилии мардум, хусусан ҷавонон, ки нерӯи бузурги ҷомеа ҳастанд, метавонанд ба муқобили ҳама дастаҳои ҷиноятпеша ва гуруҳҳои манфиатҷуй мубориза баранд. Мо ҳамчун ҷавонмардони ҷонфидои миллат дар паҳлуи роҳбари ягонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонистода, барои боз ҳам баланд гардидани шаъну эътибори миллати худ, ободу зебо шудани кишвари азизамон содиқонаву софдилона меҳнат намуда, барои ҳимояи муққадасоти миллӣ, дифо аз марзу буми кишвар ва ҳар як каф хоки Ватан ба муқобили хоинони давлату миллат мубориза бурда, ҷони худро қурбон менамоянд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия