Тероризму экстреризм ва фаъолияти гуруҳҳои ифроти аз масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дастаҷамъона мубориза бурда, бо истифодаи зиракии сиёсии хеш бар фанду фиреб ва ваъдаҳои бардуруғи тарғиботчиёни ин гуруҳҳо дода нашаванд.
Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд.
Ёдовар мегардем, ки дар ҳамаи давру замон барои аз байн бурдани амну осоиштагии мардум маҳз қувваҳои сеюм таъсиррасони мекунанд ва нофаҳмиву иғворо бармеангезонанд. Хусусан солҳои 90-ум бо чунин шакл таъсиррасониҳо буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш ба миён омад ва «ТЭТ ҲН» қувваи дукарата гирифта, барои ба даст овардани лаҷоми мансаб сайъ намуд. Дар такя ба гуфтаҳои яке аз қумандон ва пешсафони «ТЭТ ҲН» Абдураҳим Каримов - мулақаб ба мулло Абдураҳим, гуфтан мумкин аст, ки ин қувваҳоро «ТЭТ ҲН» аз давлатҳои хориҷии худ мегирифт. Барои ба мақсадҳои хеш расидан дастгирии хуби иқтисоди меёфт. Ин то ба ҳадде расид, ки амалҳои мудҳишона ва зараровар дар давлату миллат пиёда гардад. Тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.
Ба гуфтаи яке аз шоҳидҳои воқеоти моҳи феврали 1990 Қоҳор Маҳкамович, ки идораи давлат дар зери назорати ин мард буд, шуруъ аз рузи 10-ми моҳи феврал аввалин бор дар назди бинои каминтети маркази талабаҳои мактабҳои касбомӯзи ва ҳунаромӯзи ҷамъ омаданд, мақсад ва баҳонаи онҳо барои чи хонаҳои моро ба Арманиҳо тақсим кардед, асл ин як баҳонаи бардуруғ буд. Баъди ҷустуҷуи асли масъала равшан шуд, ки асли кор аз сардорҳои ҳамонвақтаи «ТЭТ ҲН» сарчашма гирифтааст, ки мақсад баровардани мардум ба майдон буд. Рӯзи дувум ба кушиш «ТЭТ ҲН» мардуми Душанберо ба майдон бароварданд. Дар он шабу рӯз бо ташабуси «ТЭТ ҲН» тарғибу ташвиқҳо ба фатвоҳои нодурусти шаръи “Айгар ба майдон набарои занат 3 талоқ мешавад” дар масҷидҳои Ҷумҳури бурда мешуд. То ҳатто кор ба ҷое расид, ки Ҳукумати ҳамон давраро муттаҳам ба қатли ҷавоне карданд, ки касе намедонист дар куҷо ба қатл расонида шудааст то ки сабаби аз байн бурдани амнияти давлатӣ гардад. Ва амали шуми онҳо дар охир ба муноқишаҳои дохилии давлати оварда расонид.
Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоби чеҳраи аслии онҳоро кушод. Охирин имконияти наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид. Онҳо бехабар аз он кӣ ягон амал ё кор ба ҳоли худ намемонад ва ин давлату миллат соҳиб ва фарзандони бонангу номуси худро дорад, ки дар ҳифзи марзу бум, иззату эътибор ва фарҳангу тамаддуни хеш чораандешӣ мекунанд. Мутассифона саркардаҳои ташкилоти экстремистию терористии «ТЭТ ҲН» бисёре аз нафаронеро, ки ба онҳо бовар карда, баробарашон қадам мондан мехостанд, дар амалишавии мақсадҳои ғаразнокашон истифода намуданд. Агарчӣ ин таҷриба то ба ҳол барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби терористиву ифротӣ эълон шуда дар хориҷа аз дин, «адлолат», «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда , ки гиребони худро бӯ кардану амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикситон ва чӣ хиёнате барои дин ва миллат кардаанд. Дин бояд поку озодона бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурхои чонбахши он хамагон истифода баранд ва дар нихоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам бо раҳнамоиҳои маънавӣ меомузониданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳама Паёмҳои худ бо нигорони аз тероризму эктреризм ва гуруҳҳои ифроти шуруъ намуданаш гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин масъалаи ташвишовари хурду бузурги ҷомеаи имруз аст. Инро ба инобат гирифта, бояд ҳушёру дурандеш ва бо истифода аз зиракии сиёсии хеш амал намоем.
Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
Қори Абдулмаҷиди деҳаи М.Турсунзода:
Тошпулотов Н.Э.