Санаи 9 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Собирзода Нуралӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Исозода Диловар, Муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, андоз, молия, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳо, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ноҳия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия