Мо ҷавонон зидди ифротгароӣ ҳастем!

Он қадар дар дил писандӣ, дилписанд ҳастӣ Ватан,

Дар сари тасвири ҳуснат, кас намеёбад сухан.

Ҳеҷ дар дунё надорад, рангу бӯятро чаман,

Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.

Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,

Халқ чун, оҳан ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Аз бароят ҷон диҳад агар инсон арзандаӣ,

Синаро созад ба ҳифзат гар сипар арзандаӣ.

ВОКУНИШ: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки: «…дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки миқёси олам пур аз ҳаводисоти сиёсатбозиҳост, ба мисли ҷавонони солҳои наваддуми садаи гузаштаи фирефтаи афкороти бегонагони ифротгаро нагардида, ба хотири пос доштани як зарра хоки муқаддаси ватан талош намоянд. Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ кишвари худро дӯст доранд ва арзишҳои онро қадр кунанд».  Тероризму экстреризм ва фаъолияти гуруҳҳои ифроти аз масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дастаҷамъона мубориза бурда, бо истифодаи зиракии сиёсии хеш бар фанду фиреб ва ваъдаҳои бардуруғи тарғиботчиёни ин гуруҳҳо дода нашаванд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои солҳои 90-ум будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд.

     Рӯзҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ филми мустанади “Хиёнат”, ки доир ба ватанфурӯшиву хоинӣ, иғвоангезиву дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористӣ, аъзоёни собиқ ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони Кабирӣ нақл мекунад, пешкаши тамошобинон гардид. Мавриди зикр аст, ки филми мазкур дар сатҳи баланди касбӣ, бо истифодаи факту рақамҳо ва омори дақиқ, андешаҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз байни атрофиёни Кабирӣ ва хонаводаи ӯ омода гардида, аз ҷумлаи филмҳои ҳуҷҷатие мебошад, ки зимни тамошои он аз бедодгариҳои аъзоёни собиқ ТЭТ ҲН бори дигар ёдовар гаштем. Дар филми мазкур, нақшаҳои хоинонаи террористон, кирдори ношояму ғоратгарии онҳо, куштору дуздӣ ва кӯшишҳо баҳри халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ба таври амиқу возеҳ барои тамошобини дилхоҳ синну сол рӯи навор оварда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки зимни тамошои филми “Хиёнат” оид ба фаъолияти нопоки собиқ ҳизби наҳзати ислом аз оғоз то лаҳзаи манъи фаъолияташ, роҳҳои омода кардани ашхоси хурофотзада ва тарбияи ғуломони фанатизму ифротгароӣ миллатро то сарҳади вартаи нестӣ кашидани онҳо, ҳамзамон оид ба талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар роҳи ба эътидол овардани сулҳу субот ва таъмини зиндагии осудаи мардум, бахшоишу гузаштҳои чандинкарата аз гуноҳи фарзандони роҳгумзадаву ботил, имконҳои фароҳамомада барои ислоҳи ин тоифа ашхос ва амсоли ин маълумоти муфассалу манфиатбахш пайдо кардан мумкин аст.

       Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» – ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд.

Бо боварии том гуфта метавонам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. яд воқеаҳои нангини солҳои 90-ум барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд. Мо ҷавонон, бояд ҳама вақт кӯшиш намоем, ки то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонем. Хушбахтии тамоми милати тоҷик, хосатан насли ҷавон дар он аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои сарвари созандаи кишвари азизамон, Пешвои миллат имрӯз мо ба озодии воқеӣ расидаем. Ва барои ҳифзу ҳимояи ин муқаддасоти кишвар ҷони хешро дареғ наҳоҳем дошт.

Ш.Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён.

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.