Давлати маҳбубамон мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷахони муосирро эҳсос намуда, ҷиҳати муваффақ шудан дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм якқатор чорабиниҳои маҷмӯиро таҳия ва амалӣ намуд, ки ба таъмини амнияти комили миллӣ ва рушди босуботи ватанамон мусоидат менамояд. «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аз ҷумлаи санади муҳими ҳуқуқие мебошад, ки ҳанӯз аз 12 ноябри соли 2016 дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик гардида, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Татбиқи амалии ин барнома ба ҳифзи сохтори конститутсионии давлат, амнияти ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ замина гузошта, тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро лоир ба пешгирӣ аз паҳншавии ғояҳо ва бар зидди фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ муттаҳид менамояд. Стратегия дар давраи амалии худ суботу ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин карда, ба ин восита рафтори қонунии шаҳрвандонро ба танзим дароварда, барои пешгирӣ намудани руҳияи тундгаройии шаҳрвандон мусоидат намуд.
Бо максади иҷрои сифатнок ва саривақтии чорабиниҳо ҷиҳати амалии талаботҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, барои расонидани моҳият ва мақсади барномавии ин ҳуҷҷати муҳим, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монда, нақшаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд.
Пурзӯр кардани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии наврасону ҷавонон аз майл пайдо кардан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи иртиҶойӣ кори асосии гуруҳҳои таблиғотӣ ва ҳаряк шаҳрванди солимфикри ҷомеа ба шумор меравад. Ташаккул ва тарбияти шаҳрванд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ аз се ниҳоди мухими ҷомеа: оила, мактаб ва ҷомеа оғоз мегардад. Ба шахсияти комили пурра табдил ёфтани шаҳрванд, волидайн ва омӯзгор, ки ду ниҳоди тақдирсоз маҳсуб меёбанд, нақши бориз доранд. Ҳеҷгоҳ дар шуур ва тафаккури шахс омилҳои бегонагӣ ва манфӣ роҳ ёфта наметавонад, агар дар он муҳит волидайн ва омӯзгори асил даст дошта бошад? Тифл наметавонад, ба худ ғояи бегонапарастиро касб намояд, агар тарбияти дурусти волидайн ва таълими комили омӯзгорро дида бошад? Пас маърифати оиладорӣ дар самти тарбияти фарзандони ватандӯсту солеҳ дар миёни волидайни ҷавон ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ гардида, барои ба воя расидани шахсиятҳои шоистаи даврон саҳми ҳаряки мо муҳим мебошад.
Замоне ташкилоти экстремистӣ-террористии хизби мамнӯъи наҳзат ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои пешрафту тараққиёти кишварамон мушкилотҳои зиёд эҷод карда, нохалафона мардуми кишварро ба гумроҳӣ ҳидоят карда, тухми кинаву адовати милливу мазҳабиро дар миёни табақаву қишрҳои мухталифи ҷомеа пошида, халқҳои сулҳдӯсти кишварамонро ба сӯйи ҷанги таҳмилӣ кашидаанд. Барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки манфиатхоҳон хуни бародари худ, хеши худ, ҳамсояи худ, бародарони ҳаммиллати худ ба хоку замин яксон резондаанд.
Мо зиёиёни ноҳияи Кӯшониён фикру андеша ва ҳамаи амалҳои нопоку ношоистаи намояндагони Ташкилоти Экстремистӣ Террористии ҳизби мамнӯъшудаи наҳзатро маҳкум карда, ватанамонро аз амалҳои зишту харобкоронаи наҳзатиён ҳамеша муҳофизат менамоем! Вазъи ҷаҳони муосир хеле мураккаб аст. Дар баробари паёмадҳои хуши мусбӣ ва тараққиёти бемайлони илму техникаи муосир, ҳамзамон паёмадҳои нохушу манфие, ноогоҳ дар рӯ ба рӯи башарият қарор меёбад, ки ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ ба амни давлатҳо ва аҳолии кураи замин хатарҳо эҷод менамояд.Нигоҳдории амнияти сартосарӣ аз худи мо - фарзандон ва шаҳрвандони давлат вобастагии калон дорад. Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад ,ки моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорад. Муборизаи мо бар зидди намояндагони собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат беамон аст!
Ҳарлаҳза омодаем, ки барои Ватани маҳбубамон, хифзи муқаддасоти милливу давлатӣ қадами аввалин гузорем! Ҳар нафас бо Ватан буда, барои ҳимояти ному ҷони Пешвои миллат–Мо сипарем!
Д.Шукруллозода
муовини раиси ноҳияи Кӯшониён