Баргузории Конференсия оид ба ошкорсозии хиёнатҳои собиқ ТЭТ ҲНИ, дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод

     Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод барои ошкорсозии хиёнатҳои аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ, дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, бо фаъолон ва сокинони Ҷамоат конференсия баргузор карда шуд. Зимни баромадҳо, қайд гардид, ки имрӯз, ки дар Тоҷикистони азизамон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои солҳои 90-ум будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Дар атрофи масъалаи мазкур якчанд собиқадорони меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ватандӯсти Ҷамоат баромад намуданд.

2._6.jpg 3_18.jpg 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.