Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қисми осебпазирӣ ҷомеа ба хусус шахсони имконияташон маҳдуд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия, ба 3 нафар шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ин шумора 2 нафарашон кӯдакони ноболиғ, аробачаи маъюбӣ ва маводи ғизоӣ дастрас карда шуд. Волидони шахсони аз кӯмаки саривақти баҳраваргардида, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расониданд.