Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба экстремизмбаранда

            Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон азҳоб ва созмонҳои «Ал-Қоида» Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ихвон-ул-муслимин», «Лашкари Тайиба (пок)», Ҷунбиши «Толибон», Созмони озодибахши «Туркистони шарқӣ», «Ҷамоати таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи исломӣ», «Созмони таблиғ», «Ҳизб-ул-таҳрир», «Салафия», «Гурӯҳи 24» ҲНИТ-ро террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон қатъ эълон кардааст. Ҳамаи ин ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, сафҳои худро аз ҳисоби мусулмонони ҷавон пурра карда, онҳоро дар пойгоҳҳои махсуси ҳарбӣ машқ дода, барои амалӣ намудани ғояҳои сиёсии худ ба минтақаҳои даргир ба ивази маблағҳои калон ба ҷанг мефиристанд. Гурӯҳи осебпазири аҳолӣ - ҷавононе, ки аз ҷавҳари Ислом бехабаранд, аз ақидаи Имоми Аъзам огоҳ нестанд, ба ин ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ рӯ меоранд ва оқибат ба вартаи ҳалокат мерасанд. Онҳо таҳти шиорҳои исломӣ дар Афғонистон, Покистон ва дар Ироқу Сурия даҳшат андохта, қасди дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Руссия давлати исломӣ барпо намудан доранд.

              Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ, ки омили ҷалби дигар ташкилоту ҳаракатҳои террористи мебошанд, зарари бештар расонидааст. Идеяҳои ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» (бародарони мусулмон) ва ҳаракати экстремистии ҲАМОС «сиёсати сабр» - ро талқин намуда, гирди худ ҳизбу ҳаракатҳои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (Раҳматилло Зойиров), Гурӯҳи 24 (Умаралӣ Қодиров), ҳаракати «Ватандор» (Додоҷони Атовулло)-ро ҷалб намуда истодааст. Ҳизби мазкур аз рӯзҳои аввали Истиқлолият бо мақсадҳои ғаразноки худ Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта намуд, роҳбарияти ҲНИТ ғуломи хоҷагони хориҷияшон буда, ҳеҷ дар фикри давлату миллат набуданд. Дар натиҷаи майдоннишинию сангарнишинии аъзоён ва ҷонибдорони ин ҳизб Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқомати вайрону валангор гаштанд. Беш аз 1,5 миллион аҳоли ҷои зисти худро тарк намуда, ба Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудои аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард долари Амрикои (ба ҳисоби қурби он вақта) рост меомад аз он рӯзҳо 28 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дарди ҷонсӯзи онро то имрӯз мечашем.

               Ҳаракатҳои ғаразноку ифротгаронаю террористонаи онҳо баръало эҳсос гардид. Аз рӯйи иттилои расонаи миллии Тоҷикистон («Тоҷикистон» 29 августи соли 2014, №163 (22468), мақолаи «Нақшаҳои пинҳонии ҲНИТ» Самариддини Қиём) – ҲНИТ зода ва парвардаи геополитикҳо мебошад. Дар ҳамин мақола омада, ки роҳбари Ҳизб М.Кабирӣ дар 7 моҳи охири ҳамин сол 15 маротиба сафари хориҷӣ намудаву кишварҳои исломӣ чун Туркия, Эрон, Афғонистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Дубай ва ғайра сафар кардааст. Мақсади ин сафарҳо мулоқоту вохӯрӣ бо роҳбарони динӣ, сиёсатмадорони алоҳидаи ифротгаро, ҷалби сармояи хориҷӣ барои фаъолияти ҲНИТ аст.

           Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳои террористию  экстремисти дар шароити имрӯза усули маъмули бо истифода аз техника ва технологияи коммуникатсиони тарғиб намудани идеяҳои нодуруст ва бо васила ба шууру эҳсосоти ҷавонон таъсир расонида истодаанд. Масалан, ҷавонон ба истифодаи фаъоли сомонаи «Фейсбук» майл доранд, ки ин ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ё дар дигар сомонаҳо саҳнаи қатли сокинон аз дину миллатҳои гуногун мавриди тамошо қарор мегирад, ки ин барои ҷомеаи мо хеле зараровар аст. Дар ин ҷода мо низ ҳушёриро аз даст надода, дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва фарҳанги исломӣ ташаббускор бошем.

           Вазифаи муҳими имрӯзаи мо дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ба насли ҷавонамон нишон диҳем дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ мақоми хоса доранд. Миллат дар ин ҷода бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳар зуҳуроти ба тафриқаву низоъ, кинаву адоват даъваткунандаро маҳкум намояд  ва барои дурӣ ҷустан аз онҳо ҳидоят намояд. Моро мебояд, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм гирем, мардумро амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва суббот даъват намоем. Миллат ва бахусус, ҷавонон бояд хуб донанд, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткори ин мубориза бар зидди дин нест. Ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб кори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва ҳар  як донишманди улуми исломӣ низ мебошанд.

            Дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳрӣ Макка 7 декабри соли 2005 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба шахсияти террорист чунин ибрози ақида намуда буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолааш доир ба ин падидаи номатлуб ва вабои аср ,ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст диққати махсус медиҳад. Зимни ҳар баромаду суханрониҳояш, вохӯрию мулоқоташон бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа алалхусус аҳли ҷамоатчигии мамлакат,зиёиён, ходимони ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар таъқит менамояд. Дар нутқу баромадҳои худ Президенти муҳтарам пайваста огоҳ менамояд, ки мубориза алайҳи амалҳои номатлуби ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ,суиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ кори ҳама ва ҳар кас мебошад. Аз рӯйи баромадҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки мубориза ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба шарте самарабахш мешавад, ки дар кишвар сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботу сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон пойдор бошад. Бо мақсади баланд бардоштани шуури диннии мардум, ҳифзи фарҳанги миллию исломӣ ва эҳёи он, арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва эълон намудани соли 2009 соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом, баргузор намудани ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон аз араби ба забони тоҷикӣ баргардонидани китоби муқаддаси Ислом «Қуръон», таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистонро иқдом намуд, ки барои воқеан баланд гардидани фарҳанг шуури диннии мардум нақши бузург бозид. Рӯз аз рӯз шумораи масҷидҳо дар ҷумҳурӣ афзуда, аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди хоҷагиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баробар мебошад. Вале боиси таассуф аст, ки баъзе ашхос ва гурӯҳҳо дар ҳар як кӯчаву паскӯча, маҳаллаву гузаргоҳ безарурат, аз рӯи риёву худнамоӣ масоҷид ва ҷойҳои ибодатӣ месозанд, ки ин амалҳо эҳтимоли муноқишаҳои бемаврид ва тафриқаандозиро дар байни мусулмонон зиёд менамояд ва ба ваҳдату суботи ҷомеа халал ворид месозад, ки ин ба моҳият ва рисолати муттаҳидкунандаи ислом ва дигар динҳо созгор нест. Ҳамчунин барои адои фаризаҳои динии пайравони мазҳаби исмоилия шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар пойтахти мамлакат – шаҳрӣ Душанбе Маркази исмоилия амал мекунад ва 83 нафар халифаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи талаботи Қонун озодона фаъолият доранд. Ин нишонаи баракати соҳибистиқлолӣ ва риояву татбиқи асли таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Давлати Тоҷикистон ба ҳамаи динҳо эҳтиром мегузоранд, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа пеши роҳи  ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт.Ҳама гуна ҳуқуқ ва ҳама гуна озодиҳо аз чаҳорчӯби муқаддасоти миллӣ, ки Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф кардаанд, берун баромада наметавонад.

          Конститутсияи Тоҷикистон  аслӣ ҷудо будани ташкилотҳои диниро аз давлат ҳатмӣ шуморида, татбиқи онро барои пешгирӣ намудани мудохилаи манфиатҳои сиёсиву ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳӣ ба озодии эътиқод шарти муҳими таъмини ҳуқуқи конститутсионии одамон ба озодии виҷдон меҳисобад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати комилан аз байн бардоштани ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта, муайян намудани сабабу омилҳои ба онҳо мусоидкунанда, пешгирии зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба экстремизмбаранда як зумра Қонун ва Стратегия қабул намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ), (2003), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба экстремизмбаранда» аз зумраи онҳо мебошад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахсӣ масъул, фаъолони ҷомеаи имрӯза, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи кор бо ҷамоатҳо, бахш оид ба корҳои дин, кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон, устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номуси ноҳия аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон – некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармонгаронро дар байни мардум, хусусан ҷавонон мунтазам тарғиб намоянд.

 

       С. Абдуҷабборзода, сарвари муассисаи

таълимии № 30-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.