Тибқи нақшаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кӯшониён, имрӯз дар маркази ноҳия, ярмаркаи навбатии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар чорабинӣ 8 ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуда, 134 ҷойи корӣ холӣ пешниҳод намуданд. Аз 200 нафар шаҳрвандони бекори дар чорабинӣ иштирок дошта, аз ин 15 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида ва ба 12 нафар роҳхат дода шуд. Бояд қайд намуд, ки бештар баргузор гаштани чунин ярмаркаҳои вазифаҳои озод ба кор таъмин гаштани шаҳрвандони бекор ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат менамояд.