Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Саховат”-и Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия, семинари амалӣ ҷумҳуриявӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло баргузор гардид. Ҳамзамон дар кори семинар раисони шаҳру ноҳияҳо, Ҷамоатҳо, Сардорони Раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, олимони соҳаи кишоварзӣ ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки семинари ҷумҳуриявӣ аз ду қисмат, назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода кори семинарро оғоз бахшида, оид ба кишти такрории картошка суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки кишти такрории картошка, дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо маром идома ёфта, масъулин кӯшиш намоянд, ки то ҳар як ваҷаби замин самаранок истифода шавад. Дар кори Семинар ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат Д.Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзӣ А.Салимзода ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба хусус дар самти картошкапарварӣ баромад намуданд. Қисмати амалии кори семинар бо иштироки меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни семинар ба кишти такрории картошка ва тарзи дурусти шинонидани картошка аз тарафи олимон оғоз гардида, ҳангоми шинонидани картошкаи такрорӣ аз тарафи иштирокдорони семинар аз шаҳру ноҳияҳо ба олимон саволҳо дода шуд, ки ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар фарҷоми кори семинар Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон миннатдории хешро, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани семинар баён намуданд.