Дирӯз дар хоҷагии деҳоти «Саховат»-и ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Кӯшониён семинар оид ба «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Пеш аз оғози семинар меҳмонон аз замини наздиҳавлигии оилаи Ҳасановҳо дидан намуданд, ки ба маҳсули бадастовардаи онҳо аз замини наздихавлигӣ баҳои баланд доданд. Тавре, апаи Салима иттило дод оилаи онҳо аз 6 нафар иборат буда, дар ҳамбастагӣ дар замини наздиҳавлигӣ дар вақтҳои холигӣ заҳмат мекашанд, ки ба зимистони имсола омодагии хуб дида истодаанд. Айни замон зиёда аз 500-700 зарф шарбатҳои гуногун омода намудааст. Ҳамзамон донагиҳо дар зарфхои алоҳида захира намудааст, ки зимистони имсоларо пасисар мекунанд. Замини оилаи Ҳасановҳо ҳолоҳам ғарқи ҳосил буда ва боз ба кишти такрории картошка камари ҳимат бастаанд. Дар ин баробар ҳамдеҳагони ин оила ба захираи зимистон омодагӣ дидаанд.