Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм-экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидаи вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Дар ҳақиқат, ин ҳолатро дар Шарқи наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст. Фаъолшавии онҳо дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон низ вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯши биниашонро мебуранд. Ҳатто, мо шоҳиди он шудаем, ки ҷангии «Давлати исломӣ» модари худро ҳам дар назди оммаи одамон ба қатл расондааст, ки ин ваҳшоният чеҳраи аслии ҷангиёни ин давлатро нишон додааст.
Президенти мамлакатамон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин онҳо аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ амал мекунанд, ки ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуданд, ки пеш аз ҳама аввал кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризимро аз сар гузаронид, ки дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ карданд.
Имрӯзҳо бошад, Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноки нафратовар қарор дорад.
Халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ-мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби қавми мусулмон андохта шуда, мақсадашон нобуд сохтани мусулмон бо дасти худи онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, моро мебояд дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, уламони дини ноҳия, маорифчиён, раисони ҷамоату маҳалҳо,раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолон, шахсони обрӯманди деҳаҳо ва ноҳия ва падару модарон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ хотима бахшида, бозгашти шаҳрвандоне, ки дар таҳсилоти ғайрирасмӣ қарор доранд,таъмин намуда, ҳар як ҷавони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаро зери назорат гирифта, содиршавии ҷиноятҳои террористиро дар ноҳия ва дар умум дар ҷумҳурӣ пешгирӣ намоем. Ҷавонони барӯманди тоҷикро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, Худогоҳии миллӣ, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан-Модар тарбия намуда, онҳоро дар роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят бояд намуд, то ки онҳо дар зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон ба пеш!»-ро шиори худ карда,баҳри пешрафти кишвари азизамон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он саҳми худро гузоранд.
Бояд қайд кард, ки халқи тоҷикро касе шикаста ва нест карда наметавонад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик боре кишвареро ғасб накардааст, шаъну шарафи миллатеро паст накардааст, фарзанди миллатеро нарабудааст. Танҳо зидди душманони ғаддор, ки ба сарзамини вай ҳамла меоварданду мекуштанду месӯхтанд, дуздӣ мекарданду фарзандонашро рабуда ғулом мекарданд, мубориза мебурду замини кишвараш, забонаш, нангу номусашро ҳимоя мекард. Ин аст, ки дар таърихи ҳазорсолаҳо халқи тоҷик сарзаминашро, забони ширину гувораашро, дилу поки пур аз меҳру муҳаббаташро нигоҳ дошта тавонистааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Худои яккаву ягона ба халқи тоҷик чунин фарзанди бонангу номус ва дили пур аз меҳру муҳаббатро ато кардааст.
Ҳарчанд душман ва хиёнаткори халқи тоҷик чун Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай мехоҳанд шаъну шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон паст созанд, лекин бояд гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ расида наметавонанд. Муҳиддин Кабирӣ шахсе, ки модари тоҷик зодаасту дар сарзамини халқи тоҷик ба воя расида,нону намаки Тоҷикистонро хӯрдааст, имрӯз хиёнат ба Ватан, Модар ва фарзандон карда, мехоҳад, фарзандони банангу номуси миллати тоҷикро ба доми худ кашад. Дар симои Муҳиддин Кабирӣ мо Заҳҳоки мордарпечро мебинем, ки ба воситаи морони аждаҳопайкараш ҷавонони барӯмандро ба доми марг мекашид. Кабирӣ ҳам мехоҳад, фарзандони азизи моро ба доми худ кашида, шаъну шарафи халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон паст занад. Оё модари тоҷик мегузорад, ки фарзанди вай побанди шахсе гардаду Ватан, падару модар ва фарзандашро ба пули пучаки хориҷа фурӯшад? Албатта, не ва боз не!
Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ба мақсад расида наметавонад, зеро халқи тоҷик Фаридуну Эраҷ, Рустаму Суҳроб, Сиёвушу Исфандиёр барин паҳлавононе дорад, ки ӯ барин аждаҳопайкарро несту нобуд хоҳанд кард.
Имрӯз мо Сарвари давлат дорем. Сарваре, ки барои халқаш сипар гашта, онҳоро аз вартаи ҳалокат берун сохтааст. Имрӯз ин шахси Худододро халқаш сипар хоҳад шуд ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки хиёнаткоре, иблису аждаҳопайкаре ба ӯ зараре расонад.
Назарова Д. -омӯзгори МТМУ № 3