Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои қатъи, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ба хусус навъи Коронавирус “COVID-19”, вусъати корҳои оммафаҳмонӣ бо усуси “хона ба хона”, дар бинои Беморхонаи марказии ноҳия, таҳти роҳбарии Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ва бо иштироки аъзоён ва кормандони тиб, ситоди кории доимоамалкунанда баргузор гардид. Дар оғози ситод сараввал аз тарафи масъулини соҳа вазъи эпидемиологии ноҳия ва дигар корҳои ба анҷом расонида шуда, пешниҳод гардида, қайд гардид, ки аз тарафи кормандони тиббӣ ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ, ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ андешида шуда истодааст. Тамоми муассисаҳои тиббӣ ноҳия бо маводҳои зарурӣ таъмин мебошанд ва омодаанд ба мардум хизматрасонии бо сифат расонанд, қайд намуд М.Давлатзода, менеҷери бахши госпиталии ноҳия. Дар фарҷом аз тарафи раиси ситод, ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои безараргардонӣ, оммафаҳмониро вусъат бахшида, сатҳи хизматрасонии тиббиро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.