КӮШОНИЁН: Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолони ноҳия

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки аъзоёни гурӯҳӣ корӣ Алиев Алиназар, сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳрамбек Анварзод, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зебониссо Шарифова, директори ТҶ “Занҳои ҳуқуқшинос баҳри тараққиёт” бо фаъолони ноҳия, дар мавзӯъи “Паст кардани сатҳи тундгароӣ ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва ҷавондухтарон”вохӯрӣ баргузор гардид. Дар доираи мавзуъи вохӯрӣ, меҳмонон суханронӣ намуда, мақсад аз баргузории ҷамъомадро дар амалишавии лоиҳаи “Пешгирии ифротгароӣ, тундгароӣ дар байни ҷавондухтарон ва ҷавонон” дар ноҳияи Кӯшониён арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон аъзоёни гурӯҳи корӣ, оид ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавононро дар гурӯҳҳои экстремистию терористӣ, нодуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар амалҳои номатлуби бархе аз ҷавонон ва ҷавондухтарон суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҷавонони ватандӯстӣ Тоҷикистони азиз ба ҳамагуна хабарҳои дурӯғу беасоси хоинони миллат бовар накунанд, Пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. фарҷоми вохӯрӣ, байни иштирокчиёни ҷамъомад, таклифу пешниҳодҳо ва суолу ҷавоб ба миён омад.

20.jpg 30.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.