ХИЁНАТҲОИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНАШ НОБАХШИДАНИСТ

ВОКУНИШ: Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, то дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чи бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 29 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Ватанро бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд. Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.  Филми мустанади “ХИЁНАТ”, ки ҳамарӯза тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда буд бо маврид буда, далели гуфтаҳои болост. Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИТ-ро нишон медиҳад, ки чи гуна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонидан. Бо ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, дубора болои миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асоссии ин хоинонро шинохтааст ва дубора ба ин миллатфурӯшон бовар намекунанд. Ҳамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худхондаи ба ном Исломии ДИИШ шомил шудаанд ва бар зидди қонунҳои конститутсионии давлатҳои Сурияву Ироқ меҷанганд дастпарварони ТЭТ ҲНИ мебошанд. Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дассисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

     Муҳидин Кабирӣ ва пайравони хиёнаткори ӯ! хоин, бешараф, бенангу беномус, беимон будед, ҳастед ва симои разилонаи шумо баринҳоро таърих ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромуш намекунад. Ташкилкунандагони ин ҳизби терористи барои молу пул шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхта ба мазҳаби бегона шомил шуданд. Мо ҷавонони сарбаланди ноҳияи Кӯшониён ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайриинсонии шумоёнро ҳамеша маҳкум намуда, ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар хиёнаткор ва ифроти бовар намекунанд, ба шумоён нафрат мехонанд. Мо ҳеҷ гоҳ хиёнати ин ҳизби террористиро фаромӯш нахоҳем кард.

Фируз Кулулов, муттахасисси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.