Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 ва қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 11 апрели соли 2020, №303 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, имрӯз дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки Аловуддин Абдуллозода, Сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шерали Қосимов, раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ҷумахон Маҳмадаминов, мудири дафтари методии назди Раёсати фарҳанги вилоят, Ризоев Муҳаммадназар, роҳбари Маркази илми-методии назди Раёсати фарҳанги вилоят, Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 30 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ҳама иштирокчии хурди озмун 9 сол дошт. Мақсад аз баргузории ин озмун, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад. Инчунин озмун баҳри тарғиби санъати асил, бою ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик мусоидат менамояд. Аз даври ноҳиявӣ 8 нафар иштирокчии фаъол ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокчиён ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.