ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН, РАИСИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН”

       Варзишгарони мӯҳтарам!

    Ҳамасола санаи 10 август ҳамчун рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз иқдомҳои наҷиби сарвари кишвар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгарон ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам рушду пешрафти соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар, аз муваффақияту дастовардҳо ба шарофати Истиқлолият, ки муқадастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати ватани ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад, ба даст омадааст, ки дастоварди дигар ин таъсиси «Ҷоизаи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмиллалии варзишӣ» мебошад. Дар натиҷаи пойдор гардидани сулҳу суббот дар мамлакат соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тарақи карда зиндагии мардум рӯ ба беҳбуди шуда истодааст. Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим соҳаи варзиш таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат рушду такомул ёфта, шароити муносиб барои машқу тамрин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фароҳам оварда шуд. Аз он ҷумла, баъд аз мулоқоти Пешвои миллат бо варзишгарон дар ноҳияи Кӯшониён тағйротҳои кулли дар соҳа ба миён омада, баъд аз мусоҳибаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, аз тарафи соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ як қатор майдончаҳои варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки варзишгарони ноҳия дар он машқу тамрин карда истодаанд.

     Дӯстони азиз!

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳӣ ҷиддӣ намуда, пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш, рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ эълон карда шавад. Ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генефонди миллат аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Зеро, Тоҷикистони мо аз лиҳози синни миёнаи аҳолӣ яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба шумор меравад. Дигар ғамхорие, ки нисбати соҳаи мазкур аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар пиёда гардид, қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Барномаи маҷмуи рушдӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021», «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2021» гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокиямти давлатии ноҳияи Кӯшониён дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии сиёсии кишварро сармашқи фаъолияти ҳамарӯза қарор дода, баҳри беҳтар гардидани дастовардҳои варзишии ноҳия татбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Айни ҳол дар ноҳия 1 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва зиёда аз 97 адад толору майдончаҳои варзишӣ, 10 адад майдони футболи хусусии навбунёд, фаъолият менамояд, ки дар онҳо ҳамарӯза наврасону ҷавонон ҷалб карда мешаванд. Ногуфта намонад, ки муваффақиятҳои варзишгарони ноҳия дар соли 2020 то як андоза зиёд мебошад. Варзишгарони ноњия дар шаш моҳи соли равон, дар 9 мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 84 медал гардиданд, ки аз инҳо шумора 27 медали нуқра, 14 медали биринҷӣ ва 43 медали тилло мебошанд. Мо бовари дорем, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар соли равон зиёд гардида, обрӯю нуфузи ноҳияро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд мебардоранд.

      Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии ҷавонон тамоми татбирҳоро роҳандозӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки бо истифода аз шароити муносиб варзишгарони болаёқат ва муррабиёнро дастгирӣ намояд. Ба ҳамаи Шумо ҷавонон ва варзишгарони азиз бори дигар рӯзи варзишро муборакброд гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатмандӣ, пирӯзӣ ва бурдборию ҷасоратро дар оянда таманно дорам.

12_2.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.