“Варзиш барои муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон”, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки роҳбарият, муррабиён, собиқадорони варзиш ва варзишгарони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал варзишгарони ноҳияро, муовини раиси ноҳия Д.Шукруллозода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик намуда, ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи интихобкардаи хеш барору комёбиҳо таммано намуданд. Дар назди ҳозирин инчунин, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ш.Маҳмадализода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои ба даст овардаи варзишгарони ноҳия, дар давоми соли равон, ёдовар гашт. Бояд қайд намуд, ки варзишгарони ноҳия, дар ин муддат дар тамоми мусобиқаи сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои назаррасро ба даст оварданд. Варзишгарони сарбаланди ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки баҳри ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва пешрафти соҳаи варзиш дар ноҳия тамоми кӯшишу малакаи худро равона месозанд. Дар фарҷоми чорабинӣ, муррабиён ва варзишгарон бо туҳфаҳои молӣ ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз карда шуданд.