Имрӯз, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия, таҳтӣ роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки муовини сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, машварати августии маорифчиён баргузор гардид. Аз рӯи рӯзномаи маҷлис сараввал раиси ноҳия суханронӣ намуда, дар баромадашон қайд намуданд, ки маориф қисми таркибӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофату сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар табдил ёфтааст. Дар ноҳия имрӯзҳо, тамоми шароитҳои мусоиди корӣ барои маорифчиён муҳайё гардида, сол то сол соҳаи маорифи ноҳия рушд намуда истодааст. Қайд гардид, ки рӯзҳои наздик дар арафаи соли нави хониш 28 синфхона бо теъдоди 700 ҷойи нишаст, барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба истифода дода шуда, сохтмони 39 синфхона барои 975 ҷойи нишаст ва як муассисаи таълимии нав иборат аз 24 синфхона барои 600 ҷойи нишаст, дар умум 52 синфхона барои 1300 ҷойи нишаст бо маром идома дошта, тибқи нақша то ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар ноҳия мусоидат хоҳад кард, қайд намуданд раиси ноҳия. Дар фароварди суханронии худ, раиси ноҳия тамоми кормандони соҳаи маорифи ноҳияро, ба муносибати 29- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави хониш табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти касбиашон, муваффақияту комёбиҳои беназирро таммано намуданд.
Ҳамзамон аз рӯи рӯзномаи маҷлис, як қатор сарварони муасисаҳои таълимӣ ва дигар масъулини соҳаи маорифи ноҳия суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба як қатор сарварон ва омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Бояд қайд намуд, ки чамъомади мазкур бо риояи талаботҳои беҳдошти тиббӣ, аз қабили чен кардани ҳарорати иштирокчӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳо ва риояи масофа ҳангоми нишаст дар толор баргузор гардид.