Имрӯз, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар масъулини ноҳия, дар чорабинии бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, ки дар Муассисаи давлатии Президентӣ барои кӯдакону наврасони болаёқат баргузор гардид, иштирок намуданд. Баъд аз суханронӣ дар назди волидон, омӯзгорону хонандагон, боздиди синфхонаҳо ва дигар утоқҳои корӣ ба миён омад. Сипас меҳмонон, омӯгорон ва хонандагони ин муассиса, дар толори зебою барҳаво аз тариқи оинаи нилгун, пахши мустақими табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” тамошо намуданд.