ТАБРИКОТИ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб.

   Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!

   Дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ин фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни иди касбиатон, рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок барору комёбиҳо ва сарбаландиҳоро орзу менамоям. Кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолии худ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ бо кумаку дастгириҳои ҳамаxонибаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
  Насли калонсоли имрӯза шоҳид буданд, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бинобар вазъи ноороми мамлакат соҳаи тандурустӣ рисолати худро дар сатҳи зарурӣ иҷро карда наметавонист. Имрӯз мо бо қаноатмандӣ зикр зикр карда метавонем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурусти бениҳояд зиёд аст.

Дар воқеъ ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки бемории сироятии COVID-19 ки имрӯзҳо кулли ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба ҳамаи самтҳои фаъолияти инсоният таъсири манфии худро расонда истодааст. Ин беморӣ дар ҷаҳон ҷони садҳо ҳазорро рабурд, инчунин соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои мубталогаштаро хеле заиф намуд, кишвари мо низ, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ин беморӣ эмин намонд. Ин вабои аср дар кишвари мо дертар зуҳур кард ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои қаблаан гирифторшуда ба он мусоидат намуд, ки Ҳукумати мамлакакт ҷиҳати мубориза бар зидди он чораҳои таъхирнопазир андешад. Тадбирҳои зарури ва фаъолияти мунтазами идораҳои дахлдор махсусан кори табибони ҳозиқ натиҷаи мусбат ба бор оварда, ба он мусоидат карданд, ки теъдоди гирифторони ин бемори ба маротиб коҳиш ёбад ва шидати паҳншавии он зуд пешгирӣ гардад.

    Ёдовар мешавем, ки, давлати мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо ин бемориии нави сироятӣ мубориза бурда истода, бояд қоил шуд, ки ин мубориза натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодааст. Дасти ёрии соҳибкорони бо нангу номус, хизматчиёни ватандӯст ва кормандони соҳаҳои гунон ба беморон ва табибон руҳияи мардумро дар роҳи дарки якҷоя амал кардан дар ваҳдату якҷояги даҳчанд кард. Суҳбату вохуриҳо, корҳои фаҳмондадиҳи ва кумакрасонию таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои зарурии тибби саҳми арзанда дорад. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва азми қатъи бар зидди ин беморӣ бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бо нангу номус набояд бетараф бошад. Мавриди зикр аст, ки хатари хуруҷи нави паҳншавии ин бемориро нодида нагирифта, ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди ин бемориро даҳчанд намудан лозим аст. Аз ин хотир, табибони мо низ вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст. Дар хотир бояд дошт, ки табиб бояд на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо суханҳои самимӣ ва бо рафтори ҳамида беморро тандурустӣ бахшад. Итминон дорам, ки шумо дар самти беҳдошти саломатии аҳолии ноњия ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тамоми донишу малакаи худро сафарбар месозед. Бори дигар иди касбиро ба Шумо табибон муборакбод намуда, ба Шумоён пеш аз ҳама сиҳатии комил, умри бардавом ва некномиро орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

55_1.jpg  

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.