Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо риояи талаботҳои беҳдоштии тиббӣ ва бо иштироки раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ҷамъомади идона, бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тиб баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия, бо суханонӣ табрикоти дар назди ҳозирин баромад намуда, дар суханрониашон қайд намуданд, ки табибони сарбаланди ноҳия, ворисонии аслии Синои бузург буда, дар рӯзҳои вазнини мубориза бо пандемияи нави Коронавирус саҳми беандозаи хешро гузоштанд. Имрӯз бо қаноатманди зикр карда метавонем,ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурусти бениҳоят зиёд аст, қайд намуданд раиси ноҳия. Сипас ба як қатор табибон, ҳамшираҳои шавқат ва кормандони хурди тиббӣ Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.