ТТЭ собиқ ҲН имрӯз ҳамчун ҳизби зархариду хоин, бадхоҳу хиёнаткор шинохта шудааст

       Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲН дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба мақсадҳои нопоки худ  ноил  гардад. Барои ин борҳо кӯшиш намуд, ки барои ба сари қудрат омадан ваъиятро ноорому мутташанниҷ гардонад, иғво барангезад, дар байни мардуми осоишта ҷангу ҷидолро ба вуҷуд орад.

       Имрӯзҳо аёзоёни Ташкилоти террористӣ- экстремистии собиқ ҲН расонаҳои интернетиро роҳи қуллай барои иғво андохтан медонанду пайваста тариқи расонаҳои хабарӣ барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои нопокашон гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд.

      Вале мардуми сарбаланди тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба онҳо бовар намекунанд, чунки медонанд, ки  онҳо чӣ мехоҳанд, ҳиллаву найрангҳояшонро хуб омӯхтаанд. Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲН ҳизби ҷангҷӯю хунхор, хоину ватанфурӯш ва хиёнаткор аст.

      Чӣ ба ақидаи шумобарин ду-се нодон, хоинони Ватан, ки тариқи расонаҳои хабарӣ гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд мо ҷавонони даврои истиқлол бовар мекунем, Ҳ А Р Г И З   Н Е, магар ин шумо набудед, ки соли 1992 ба сари миллат фоҷиаҳои гӯшношунидро овардеду то ҳол дар ҳар хона доғу ғами он боқист, фаромӯш накардааст. Ин рӯзи сиёҳ ва ин ҷанги бародаркуши бемаънӣ бо ранги сиёҳ дар авроқи таърих сабт гаштааст, ин шумо набудед, ки зиёиёни миллат мисли Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзод, Исҳоқӣ Юсуф, С. Кенҷаев, Н. Ҳувайдуллоев, Муродулло Шерализода, воқеаҳои хунину кӯшиши ғасби ҳокимият дар соли 2015, ки аз ҷониби Ҳоҷӣ  Ҳалим ва Кабирӣ роҳандозӣ гардид, куштори сайёҳони хориҷӣ, воқеаҳои моҳи сентябри соли 2018 дар Варшава ва даҳҳо нақшаҳои дигар, ки зидди давлату Ватани аҷдодии хеш амалӣ кардед?

       Имрӯз мо Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосоро беш аз ҳарвақта дӯст дошта, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мустаҳкам гардида, Ватанамонро аз шумобарин хоинон эмин медорем. Мо дигар намегузорем, ки ба хоки Ватанамон пойи нохалафе бирасад.

Мо барои ояндаи ободу осоишта, сулҳу ваҳдат ва рушду нумуи кишварамон саъю талош меварзем.

 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Шеров Сунатулло

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.