Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввара ва вакилон аз ҳисоби ҲХДТ, аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Рӯзномаи кори Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз 2 масъала, омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат буд. Аз рӯи масъалаи якум, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаварра баромад намуда, якчанд вакилони дигари Конференсия ба музокира баромаданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия, рӯйхати иштирокчиён ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон муайян гардида, қарори дахлдор қабул шуд. Баъд аз тасдиқи қарорҳои қабулгардида, ба кори Конференсия хотима бахшида шуд.