Имрӯз, бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия, ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Бинои иловагии муассисаи мазкур, дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 4 синфхонаи калони барҳаво барои 120 хонанда бунёд гардид. Иншооти мазкур, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Дилшод Давлатов, Маҳмуд Тешаев, Сорбон Абдураҳимов, Умед Илёсов ва Рустам Маҳмадалиев ва Кумитаи падару модарон ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Синфхонаи иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардида, бо тамоми айёниятҳои таълимӣ таъмин гардидааст. Дар саҳни бинои мазкур, Қурбон Ҳакимзода бо омӯзгорон, хонандагон ва соҳибкорони ватандӯст сӯҳбати озод намуда, қайд намуданд, ки бояд дар шароити имрӯза омӯзгорон ва падару модарон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Раиси вилоят ба соҳибкорони ватандӯст, ки дар бунёди бинои нави иловагии таълимӣ саҳм гузоштанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдорӣ баён намуданд. Дар охири суханронӣ, раиси вилоят устодону хонандагонро бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ муборакбод намуда, барояшон соли нави таҳсилро шодбош намуданд.