КӮШОНИЁН: Боздиди Курбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз қитъаи замини наздиҳавлигии манзили истиқоматии Обид Юсупов

     Имрӯз, дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯшониён, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз қитъаи замини наздиҳавлигии манзили истиқоматии Обид Юсупов, сокини деҳаи Пахтақайнари Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия дидан намуданд. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 27 сотиқ иборат буда, ҳар як ваҷаби замин самаранок истифода шудааст, баъд аз ғунучинӣ ҳосили якум, дар ҳосили дуюм картошкаи тирамоҳи, маҳсулоти полезӣ аз ҷумла помидор, бодаринг инчунин ҷуворимакаи дон ва лубиёгиҳо кишт карда шудааст.Ҳамчунин оилаи мазкур барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола ба миқдори 300 кг ғаладонагиҳо ва 300 адад зарфи консерва захира намуда, барои захираи дигар донагиҳо корҳо дар ин самт аз тарафи аъзоёни оила бо маром идома дорад. Раиси вилоят ба сардори оила, барои самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва дар ин васила иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи 2 солаи маводи ғизоӣ ва самаранок истифодабарии замин, баҳои баланд дода миннатдории хешро баён намуда, туҳфаи арзишманд телевизори ранга ба сардори оила супориданд.

61.jpg  

62.jpg 

63.jpg

 64.jpg

 66_1.jpg 

67.jpg

 68.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.