Дар идомаи сафари кории худ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз пахтазори иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин”, воқеъ дар деҳаи Навкори Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия дидан намуда, дар якҷоягӣ бо пирони рӯзгордида ба ғунучинӣ пахта ҳусни оғоз бахшиданд. Бояд қайд намуд, ки ҶДММ Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” дар майдони 120 гектар замин, пахтаи хушсифат парвариш кардааст, ки нашъунамои хуб дорад. Раиси вилоят ба роҳбари иттиҳодияи аграрӣ барои коркард ва парвариши хуби пахта баҳои баланд дода, дар ғунучинӣ пахта ва гирифтани ҳосили баланд барору комёбиҳо таммано намуданд. Ҳамзамон ба гурӯҳи бонувони пахтачин ва чанде аз пирони деҳа, раиси вилоят туҳфаҳои арзишманд ҳадя намуданд. Саҳмдорон ва кормандони ин иттиҳодияи аграрӣ аз техника ва технологияи муосири кишоварзӣ истифода мебаранд ва бо тамоми шароитҳои корӣ таъмин мебошанд. Чи тавре директори генералии ҶДММ “Водии Заррин” Фирдавс Валиев, ба раиси вилоят иттилоъ дод, мавсими чиниши ҳосили пахта дар заминҳои пахтазори иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия низ оғоз гардидааст, кормандон ва чинакчиёни пахта бо музди меҳнат таъмин мебошанд.