Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва накша чорабиниҳои шуъбаи Раёсат дар ноҳия дар моҳи августи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳия капитан Қуватзода Д, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар ноҳия, бахши ҷовонон ва варзиши ноҳия инчунин кормандони шуъбаи маориф ва рӯзномаи ноҳия рейдҳои муштарак вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҷойҳои манъшудаи оббозӣ аз он ҷумла дар минтақаҳои хавфноки Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Навобод, Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол деҳаи Гулзор, Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод деҳаи Будёнӣ ва дигар мавзеъҳои хавфноки Ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия гузаронида шуда, рафти гузаронидани рейдҳо аз тарафи кормандони ТВ Сафина ба навор гирифта шуд.
Дар ҷараёни гузаронидани рейдҳои якҷоя ба ҷавонону наврасоне, ки ба шиноварӣ машғул буданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, Брошюраҳо ва тавсияҳо оиди ғарқшавӣ дастрас карда шуд.
Мақсад аз гузаронидани рейдҳо аз он аст, ки дар баробари гарм шудани ҳаво ва фаро расидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ даҳҳо нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода истодаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби беаҳамиятии падару модарон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва бо сабаби оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ғарқ шуданд.
Аз ин рӯ аз падару модарон хоҳиш хоҳиш карда мешавад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон дар фасли тобистон аз болои фарзандони худ назоратро пурзӯр намоянд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои
фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
капитан Қуватзода Д. Қ.