Маъракае, ки иштироки мо ҳатмист.

       Хушбахтона даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубу биҳиштосоямон дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии мардуми шарафманду хуштолеъи кишвар як қатор пешравиву навгониҳо ба вуқӯъ пайваст. Бо гузашти вақт қадру манзалат ва эҳтирому нуфузи ҳар як шаҳрванд дар партави сиёсати башардӯстонаи сарвари давлатамон ба инобат гирифта шуда, хосса манфиатҳои иҷтимоиву ҳуқуқии ашхоси муҳтоҷу ниёзманд мавриди таваҷҷуҳу ғамхории рузафзуни Пешвои муаззамамон қарор доранд. Ин мафҳум дар Паёми ҳикматбори сарвари давлатамон санаи 26-уми декабри соли 2019 - ум бори дигар баррасӣ гардид. Бо назардошти ин ҳама дастгириву ғамхориҳо, мардуми кишвар бо дарки рисолати шаҳрвандии хеш муҳимтар аз он ҳамчун ашхоси манфиатовару ватанпарвари ҷомеа эҳсоси фараҳмандӣ намуда дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ ширкати фаъолона меварзанд. Ин ҳамбастагиву иттифоқӣ ва пуштибони намудан аз сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Олии кишвар нишони саодатмандии миллат мебошад.

         Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи  ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама масъулиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Ин шабу рӯз дар баробари таҷлили иди Истиклол, ки аз файзи истиклол мужда медиҳад, бо дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳот ҳама баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ бо замин сару кор гирифта, ҳар нафаре ба парвариши сабзавот ва боғу токзор машғул аст. Маҳз ана ҳамин меҳнати софдилонаашон буд, ки ҳаёти мардуми деҳот низ рангу таровати тоза гирифта, муҳити зисташон рӯз ба рӯз зеботару дилкаш мегардад. Чун вилояти Хатлон аграрӣ буда имкони парвариши як қатор маҳсулоти кишоварзӣ ҳаст, интизор меравад, ки дар ин росто низ ҷиҳати татбиқу амалисозии ҳадафҳои стратегии Президенти мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва расидан ба “Саноатикунонӣ”-и кишвар саҳми деҳқонони ноҳияи Кӯшониён низ ба некӣ арзёбӣ мешавад.

        Новобаста аз талошу кӯшишҳои хеш, ки мақсад ҳосили фаровон овардан аст, мардуми деҳот бо самимияту умедвориҳо ва ширкати фаъолона доштанашон,  интихоботро интизоранд. Борҳо мушоҳида гардидааст, ки дар ҳамингӯна чорабиниҳо сокинони ноҳияи Кӯшониён, хосса мардум шарафмандӣ Ҷамоати деҳоти Заргар дар маъракаҳои оммавии фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, бадин васила мақомшонро ба некӣ дарёфт намудаанд.

        Интихобот яке аз маъракаи муҳими сиёсии дорои  вазифаҳои гуногун буда, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Маҳз дар заминаи интихобот ва иҷрои вазифаҳои он дар ҷомеъаи тозабунёдамон суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфросохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир мегардад.

        Аммо интихобот дар ислом чи асл дорад.  Дар асл агар бингарем бе ягон шак дини ислом дине аст ки тамоми фоидаҳои комили дунё ва охират дар он ғунҷонида шуда барои наҷот ва фалоҳи инсоният равона карда шудааст. Дар ислом бар шуро таъкид шуда аз мусалмонон хоста шуда то байни худ тафоҳум ва машвара намоянд. Бе ягон шак шуро фоидаҳои зиёде дорад ва коре ки бо машвара анҷом шавад пушаймони надорад.

      Дар тули таърих саҳобаи киром низ сардори худро бар асоси машвара ва ё васият таъин кардаанд. Чунончи хабардор ҳастем чахор саҳобаи киром баъди паёмбар бар асоси интихоб таъин шуданд ягон нафари аз онҳо даъво бар сардори надошт.Аммо дар замони муосир номи шуро иваз шуда ва интихоби сардор ба тариқи дигар роҳандози карда шуд. Ба тариқи интихобот.

      Интихоботи одилона ягона роҳи хуби интихоби сардор ва ё раиси ҷумҳур аст.

      Бояд дар назар гирифт ки интихоби раҳбаре тавасути интихобот дар арзишҳо ва фарҳанги исломи реша дорад. Метавонем назари исломро дар бораи интихобот дар ду манбаи бузург Қуръон ва суннати пайғамбар барраси намоем. Саҳобагони киром дар садри ислом ва ҳатто баъд аз дар гузаштани расули худо барои интихоби раҳбар аз шуро истифода карданд.

     Дар ин замон мушкил аст аз ҳар кас назари ҷудогона гирифта шавад пас урф ва анъана ба тариқи интихоб ривоҷ гардида ва мардум метавонанд дар як фазои озод ба номзади мавриди назари худ раъй диҳанд ва роҳбари худро интихоб намоянд ки ин кор муродифи шуро ва назарпурси хонда мешавад.

        Акнун дар ин замон интихобот як асли қабулшудаи байналмилали барои ҳокимияти мардуми хонда мешавад ва мардум дар аксари кишварҳо номзади сиёсии худро бо истифода аз ин роҳ интихоб менамоянд. Пас бояд гуфт ки анҷом додани интихобот дар ислом аз асли шуро сарчашма мегирад ва мардум бар асоси он ба номзади дилхоҳи худ аз ин тариқ раъй медиҳанд.

     Дар мухолифати интихобот низ кадом далиле вуҷуд надорад.Чунончи дар боло зикр гардид маҳз дар заминаи интихобот ва иҷрои вазифаҳои он дар ҷомеъаи тозабунёдамон суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфросохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир мегардад.

        Пас бо назардошти чунин дастовардҳои бензир ва дарки моҳияти ин маъракаи сиёсӣ тамоми мардуми кишвар хоса сокинони ноҳияи Кӯшониёнро лозим аст дар мавриди баргузории интихобот фаъолона ширкат варзанд ва машвараи худро барои интихоби сарвари давлат тариқи истеъмоли раъй шарик созанд. Ин кор дар таҳкими амният ва суботи кишвари азиз нақши муҳим дорад.

      Албатта дар партави иҷрои дастуру супоришҳои дахлдори хеш масъулони ин маърака, ҷиҳати  дар сатҳи баланди сиёсӣ баргӯзор шудани интихобот омодагӣ дида истодаанд, ки шиору овезаҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманди роҳбарияти ноҳия ва ташкилу роҳандозӣ намудани ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ бозгӯи он аст. Бо назардошти моҳияти интихоботи мазкур, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, мо ходимони дин низ зимни вохуриҳои хеш мардумро даъват менамоем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки интихоби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргӯзор мешавад, ширкати фаъолона дошта бошанд.

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи “Қори Абдулмаҷид”-и

Ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи М.Турсунзода,   Нозимҷон  Тошпулотов         

                                                                                                                                             

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.