
«Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, оид ба бунёди корхонаҳои хурду бузург, иншоотҳои хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ, бахшида ба ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо масъулин соҳа, аз иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди меъмориву шаҳрсозӣ бунёди онҳо дастуру супоришҳои хешро медиҳанд. Имрӯзҳо новобаста аз вазъияти ба амал омада, дар тамоми иншоотҳои ҷашнии ноҳия, корҳои сохтмонӣ бо маром рафта истодааст.